СПАД барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард

Дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб расид.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Иманғали Тасмағамбетов қайд кард, ки ин иқдом бахусус дар заминаи таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дорад.

Ҳадафи ин барнома ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, аз ҷумла ҷиноятҳои фаромарзӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аст. Дар чаҳорчӯби ин барнома, навсозии зербино ва тақвияти тавонмандии марзбонони тоҷик дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *