Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ФИФА Криштиану Роналдуро футболбози беҳтарини сол эълон кард

Ҳамлагари «Реала»-и Мадрид (Испания) ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду аз рӯйи фарзияи ФИФА дар ҷамъбасти соли 2016 «Футболбози беҳтарини сол» эълон шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳои ФИФА шоми 9 январ дар Сюрихи Швейтсария баргузор гашт.
Намояндаи ФИФА иттилоъ дод, ки барои ин унвон инчунин Лионел Месси («Барселона») ва Антуан Гризманн («Атлетико») довталаб буданд.
Футбобози беҳтарин миёни бонувон Карли Ллойд (ИМА), мураббии беҳтарини байни мардон Клаудио Ранйери («Лестер»- и Англия) дониста шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Криштиану Роналду соли 2016 бори чорум бо «Тӯби заррин» мукофотонида шуда буд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.