Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гурзе, ки ба хотири миллат партофта мешавад

Бозиҳои тобистонаи “Рио” барои варзишгарони тоҷик хеле бад оғоз гардид. Ҳайати чанднафараи варзишгарон дар риштаҳои гуногуни варзиш пайи ҳам аз идомаи мусобиқот маҳрум мегардиданд. Дар охир Дилшод монду гурзу “дави аспаш”. Акнун гӯшу ёду умеду боварӣ танҳо ба ин марди майдон буду бас.

Ғолибият

Рӯзи 20-уми август фаро расид. Дилшоди қавибозу бо гурзи рустамона ба майдон баромад. Акнун ҳиссиёту ҳаяҷон тамоми мардуми тоҷикро фаро гирифта буд. Ӯ гурзро болои сар бардошта, ба чархондан даровард. Дар чанд сония чархиши гурзро зиёд намуда, ба ҷойи муқарраргардида ҳаво дод. Натиҷаи ҳайратовар! Дилшод гурзро ба масофаи 78,68  метр партофт кардааст, бе муболиға ин рекорд буд. Акнун ҳама хурсандӣ мекарданду Дилшод худ наъраи рустамона мекашид ва аз пирӯзии таърихиаш ҷашн мегирифт. Бешубҳа, он рӯз барои мардуми тоҷик рӯзи бузургу фаромӯшношуданӣ буд, ки як фарзанди фарзонамиллат нахустин медани тиллои мусобиқаи ҷаҳонро дар замони истиқлолият ба даст оварда буд. 

Дилшод Назаров кист?

Ӯ аввалин чемпиони тоҷик, мебошад ки соҳиби медали тиллои мусобиқаи тобистонаи “Рио-2016” гардидааст. Чунин натиҷаро дар замони истиқлолият ғайр аз вай касе такрор накардааст.

Дилшод Назаров дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро мушарраф гардид.

Дилшод Назаров санаи 6-уми майи соли 1982 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз овони хурдӣ ба варзиши сабуки намуди гурзандозӣ рағбат пайдо намуда, то ба дараҷаи устоди касби хеш расидааст. Дилшод соли 1996 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2001 бомуваффақият хатм намудааст. Баъд аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба Донишгохи тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуд.   

Нахустин устод

Дар ҷодаи варзиш устоди нахустини Дилшод модараш Зайтуна Назарова ба ҳисоб меравад. Инчунин дар баробари модараш Назаров зери мураббигии Юрий Александрович Пискунов ва Владимир Машков таълими варзиш гирифтааст.

Натиҷаҳои талошҳо

Дилшод барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доха, Қатар), 2010 (Гуанжоу, Чин) ва 2014 (Инҷон, Кореяи Ҷанубӣ), қахрамони секаратаи Осиё солҳои 2009 (Гуанжоу, Чин), 2013 (Пуна, Хиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.

Дар баробари муваффақиятҳо инчунин нокомиҳо низ дар карйераи варзишии Дилшод Назаров буданд, мисол  дар Бозихои олимпии соли 2004-ум, ки дар пойтахти Юнон — шаҳри Афина баргузор гардида буд, ноком шуда, бе ҳеҷ дастоварде ба Ватан баргашт.

Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) иштирок намуда, чойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012-уми Лондон (Англия) ҷойи 10-умро касб намуда, сол аз сол натиҷаҳои беҳтару хубтарро нишон медод.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африкову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозихои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Пешвози ботантана

Баъд аз ба даст овардани медали тиллои чемпионати ҷаҳонии “Рио-2016” санаи 26-уми августи соли 2016 ченпиони тоҷик бо медали тилло тариқи ҳавопаймои Москва — Душанбе ба Ватан баргашт, ки ӯро дар фурудгоҳи пойтахтраиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии зиёда 20 ҳазор ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд. Баъдан, Дилшодро савори мошини болокӯшода (кабриолет) намуда, дар кӯчаҳои пойтахт давр занонда, аз пирӯзиаш бо мардум якҷоя ҷашн гирифтанд.

Пас аз он Президенти кишвар Дилшодро ба меҳмони қабул намуда, изҳори муборакбодӣ ва миннатдориро баён карданд. Сипас, ба хотири қадрдонӣ аз ин дастоварди таърихӣ ба хотири чемпион дар толори амфитеатр консерти бошукӯҳ ташкил карда шуд, ки амал  таҷлили ботантанаи муваффақият ва изҳори миннатдории давлату Ҳукумат аз  ин шахси барӯманди кишвар ба ҳисоб мерафт.

Беҳтарин дастовардҳо

Бозиҳои олимпӣ
Тилло Рио-де-Жанейро (18.08.2016) Гурзпартоӣ
Чемпионатхои ҷаҳонӣ
Нуқра Пекин 2015 Гурзпартоӣ
Бозиҳои Осиё
Тилло Доха 2006 Гурзпартоӣ
Тилло Гуанчжоу 2010 Гурзпартоӣ
Тилло Инчхон 2014 Гурзпартоӣ
Бозиҳои Осиё
Биринҷӣ Манила 2003 Гурзпартоӣ
Нуқра Инчхон 2005 Гурзпартоӣ
Нукра Амман 2007 Гурзпартоӣ
Тилло Гуанчжоу 2009 Гурзпартоӣ
Тилло Пуна 2013 Гурзпартоӣ
Тилло Ухан 2015 Гурзпартоӣ

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Точикистон низ ба ҳисоб меравад. Оиладор соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар мебошад.

Яҳё Маҳмаднабиев,

«Тоҷикистон»

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.