Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Истиқлол” боз пешсаф

Мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Алишер Ҷалилов дар охири нимаи аввал ҳисобро кушода, дар оғози нимаи дуюм голи дуюмашро зад. Ду тӯби дигарро Манучеҳр Сафаров вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Ҳамин тариқ, пас аз ин вохӯрӣ дар ҷадвали чемпионат тағйирот ба амал омад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе акнун бо 30 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо тафовути як хол (29) дар ҷои дуюм аст. Дастаи футболи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки 25 хол дорад, сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 20-21 август доир мешаванд. 20 август дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо “Душанбе”-и шаҳри Душанбе, 21 август дастаҳои футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ, “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бо “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан байни ҳам вомехӯранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.