«Кӯктош» бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт

8-уми декабр дар Қасри фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридани медалҳои биринҷии Чемпионати 25-уми Тоҷикистон оид ба футбол дар лигаи якум ба дастаи «Кӯктош»-и ноҳия баргузор шуд.
Сомонаи ФФТ дар ин бора иттилоъ дода, меафзояд, ки ҷоизаҳои биринҷиро ба аъзои дастаи «Кӯктош», ки дар ҷамъбасти мавсими футболи лигаи якуми кишвар бо 55 хол ҷойи сеюмро ишғол намудааст, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Дилшод Ҷӯраев ва Алишер Урунов роҳбарияти ноҳияро барои дастгирии дастаи мазкур ва саҳмашон дар рушди футбол таҳният гуфта, раҳматномаи Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба онҳо супориданд.
Итминон карда шуд, ки дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими соли оянда маҳорати беҳтар нишон дода, роҳхатро ба лигаи олии мамлакат дарёфт хоҳад кард.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *