Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Комроншоҳи Устопириён дар Туркия ҷарроҳӣ шуд

Комроншоҳи Устопириён — паҳлавони машҳури Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои Туркия ҷарроҳӣ шудааст.

Ҷарроҳии дасти Комроншоҳ ба хубӣ анҷом дода шуд ва аҳволи варзишкор беҳбуд меёбад. Ҳафтаҳои оянда паҳлавони тоҷик табобати физиотерапияро гузаронида ва баъд ба тамрин бармегардад.Эҳтимолан варзишкор соли 2021 ба майдони варзиш бозмегардад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълом дошт, ки Олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Ҷоми Ҷаҳон марҳилаи интихобии Олимпиада хоҳад буд, ки бо эҳтимоли зиёд то моҳи майи соли 2021 баргузор мешавад ва он дар Маҷористон баргузор хоҳад шуд. Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо медали биринҷӣ ба даст овард.Комроншоҳи Устопириён яке аз пешвоёни ҷудои тоҷик аст. Инчунин, умед ба ҷудочиёни дигар: Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Саидҷалол Саидов ва дигарон низ ҳаст.Дар мавсими ҷорӣ Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Сербия баргузор шуд, ширкат кард ва дар вазни 90 кило медали биринҷиро ба даст овард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.