Муҳаммад Наимов набардро бохт. Дана Уайт чӣ гуфт?

Субҳи имрӯз, набарди Размгари маъруфи тоҷик Муҳаммад Наимов ва варзишгари 27-солаи америкоӣ Коллин Энглин дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи Амрико мусобиқаи «Dana White’s Contender Series»  баргузор гардид.

Дар ин набард варзишгари тоҷик — Муҳаммад Наимов ва намояндаи Амрико — Коллин Энглин барои роҳхати созмони UFC мубориза бурданд ва размкори тоҷик мағлуб шуд.

Чанде пеш президенти UFC  Дана Уайт дар бораи Муҳаммадҷон Наимов чунин гуфт:

“Ӯ ҳоло бисёр афсурдахотир аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки ту ҳоло бисёр хаста шудаӣ. Беҳтар мешавад то ӯ ҳоло дар хона рафта истироҳат намояд. Дар мавриди саркашии ягон варзишгар аз ҳаққи иштирок дар UFC, Муҳаммад аввалин размовароне хоҳад буд, ки мо пешниҳоди ҳамкорӣ менамоем. Ӯ ва Энглин набарди ҷолибе нишон доданд, ки табъи дили ман буд”.

Набарди Наимов бо Коллин Энглин 3 раунд идома кард. Размгари тоҷик то охир бар муқобили ҳарифаш истодагарӣ кард. Вале варзишгари америкоӣ бо қарори доварон бо ҳисоби 29-28, 29-27 ва 29 бар 27 дастболо гардид.

Муҳаммад Наимов дар нуҳсолагӣ ба таэквондо машғул шуда, баъдан ба кикбоксинг рӯ меорад. Бо гузашти чанд сол бо хоҳиши бобояш ба муҳорибаҳои омехта мепайвандад. Дар ин навъи варзиш 5 маротиба ҳунарнамоӣ намуда, боре ҳам шикаст нахӯрда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *