Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Оилаам маро дар меҳмонхона интизор мешаванд». Ҳабиб Нурмагамедов дар бораи набарди навбатияш

Набарди размоварон Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтҷӣ, ки баргузории он 24 октябри соли ҷорӣ дар назар аст, бидуни иштироки мухлисон сурат мегирад.

Дар ин бора худи Ҳабиб Нурмагомедов дар як конфронси онлайнӣ, ки дар Анҷумани ҳунарҳои размии Москва шуда гузашт, хабар додааст.

«Мусобиқа бо дарҳои пӯшида сурат мегирад, мухлисон иштирок нахоҳанд кард. Ҳамин тавр, оилаам маро дар беруни майдон, дар меҳмонхона интизор мешаванд», — гуфт Ҳабиб.

Мубориза дар доираи UFC 254 дар Абу-Даби баргузор мешавад. Нурмагомедови 31-сола ҳоло дар шаҳри Дубай аст ва омодагии худро баҳри мубориза идома медиҳад. То ин дам Ҳабиб 28 мубориза анҷом дода, дар ҳамаи он пирӯз гаштааст. Гэтҷии 31-сола бошад, 24 маротиба ба ринг баромада,   дар 22 маротиба ғолиб шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.