Раиси Федератсия ба 5 духтари футболбоз дастдарозӣ кардааст

Моҳи гузашта Киромуддин Карим, раиси пешини Федератсияи футболи Афғонистонро бо ҷурми сӯистифода аз вазифа ва таҷовузи ҷинсӣ ба панҷ футболбоздухтар барои ҳамеша аз фаъолиятҳои варзишӣ маҳрум карда буд.

Парвандаи озори ҷинсии варзишгарзанони афғон ба додгоҳ рафт.

Тавре хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул иттило медиҳад, моҳи гузашта Киромуддин Карим, раиси пешини Федератсияи футболи Афғонистонро бо ҷурми сӯистифода аз вазифа ва таҷовузи ҷинсӣ ба панҷ футболбоздухтар барои ҳамеша аз фаъолиятҳои варзишӣ маҳрум карда буд.

Дар баёнияи ФИФА омада буд, ки Карим тули солҳои 2013 то 2018 бо ҳамроҳи чанд тани дигар, панҷ футболбоздухтарро мавриди таҷовуз ва озору азияти ҷинсӣ қарор додааст.

Ӯ аз ҷониби ФИФА аз тамоми фаолиятҳои марбут ба футбол дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ маҳрум шудааст.

Ҳукми ФИФА дар бораи чор аъзои дигари Федератсияи футболи Афғонистон, ки бо бӯҳтони шабеҳ рӯ ба рӯ буданд эълон нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *