Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Улуғбек Рашидов ба Ӯзбекистон медали тилло овард, аз Тоҷикистон кӣ ба ин шарафёб мешуда бошад?!

Варзишгари ҷавони ӯзбек қуллаи баланди Олимпиада – 2020 дар Токиоро фатҳ кард
Шоми гузашта Ӯзбекистон соҳиби медали тилло гардид. Ва нахусти медали варзишгарони Ӯзбекистон “тилло” мебошад.

Онро таэквондочӣ Улуғбек Рашидов ба даст овард. Ӯ яке аз пешсафонест, ки пирӯзиро ба даст овард. Вай дар вазни 68 кило дар финал намояндаи Бритониё Брэдли Синден мағлуб кард.

Рашидов дар аввал натиҷаҳои таскинбахш нишон намедод: нахуст имтиёзҳояш нисбат ба ҳарифаш кам буданд, аммо дар байни раундҳо тавонист худро ба даст гирад ва бо ҳисоби 34:29 пирӯз шавад.

Дар синни 19-солагӣ Рашидов аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони олимпии Ӯзбекистон оид ба таэквондо гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.