Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Варзишкор, паричеҳра ва шоёни ситоиш

Ин духтар бо зоҳирии аҷибу зебои худ аввалин бор дар соли 2016, вақте дар 19-солагиаш вориди 50 нафари бартари WTA шуд, маъруф гардид. Аввалин комёбии воқеан бузург ба ӯ дар соли 2018 насиб шуд. Сипас, ӯ Серено Уилямсро, ки ӯро чун бут мепарастиду улгуи худ қарор дода буд, дар финали мусобиқоти US Open ба хок шинонд.

Аз он замон ӯ боз як бор барандаи US Open (дар соли 2020) гардид ва дар ду Australian Open (дар солҳои 2019 ва 2021) пирӯз шуд. Дар роҳи расидан ба пирӯзии ниҳоии худ  ӯ дубора Сереноро шикаст дод. То ба ҳадде ки Серено пас аз ин шикаст ба поёни кори худ ишора кард.

Ин духтари тенисбоз Наомӣ Осако аст. Модари Наомӣ ҷопонӣ, падараш гавайӣ аст, худаш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бузург шудааст. Вақте оилаи онҳо ба ИМА нақли макон карданд, он  замон ӯ духтари сесола буд. Маликаи нави тениси ҷаҳон (ӯ қаблан дар радаҳои болоии ҷадвал қарор доштаву эҳтимолан ба зудӣ бармегардад) маҳсули системаи омӯзиши Амрикост, аммо бо ин ҳол ӯ тасмим гирифт Ҷопонро намояндагӣ кунад. Ин як ҳаракати комилан огоҳонаи тиҷорӣ буд.  

Наомӣ дар ватани худ ба роҳатӣ унвони маҳбубтарин варзишкори кишварро ба даст овард. Билофосила сафҳои тӯлонии таблиғотгарон дар паси ӯ қарор гирифтанд. Тасодуфӣ нест, ки ӯ дар соли 2020 бо даромади 37 миллион доллар пурдаромадтарин зани варзишгар дар ҷаҳон шуд.

Пайдо шудани акси ӯ дар муқоваи маҷаллаҳои маъруф бо сафаҳоти барроқ бар маҳбубияти ӯ афзуд. Ҳамин тавр, робитаи ошиқонаш бо рэпсарои амрикоӣ Cordae низ ба ӯ маъруфият зам кард. Ҳоло бренди «Naomi Osaka» яке аз пурфурӯштарин маркҳои ҷаҳон аст. Ҳатто аҷиб аст, ки инстаграми ӯ то кунун фақат 2 миллион бинанда дорад. Мушаххасан ин ҳад нест. Дар саҳифаи ӯ чизи қоблии дидан ҳаст. Осако, ки ба унвони яке аз хоксортарин иштирокчии мусобиқоти WTA шинохта мешавад, ба таври муназзам бо аксҳову филмҳои диданиву ҷаззобе тамошогаронро розӣ мекунад.

Дар шӯравӣ дар бораи ин хел духтарҳо мегуфтанд: комсомол, варзишкор, паричеҳра! Ва мо илова мекунем: зебанда!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.