Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вуруди Озил ба Чин манъ гардид

Месут Озил бозингари дастаи “Арсенал” — и Англия пас аз оне ки дар бораи таъқиби мусалмонони уйғур аз тарафи мақомотҳои Чун изҳори нигаронӣ намуд, ба таҳрими ҳукуматдорони ин кишвар гирифтор шуд ва ҳукумати Чин вуруди футболбозро ба қаламрави худ мамнӯъ эълом кард.

Бояд гуфт, ки чандрӯз қабл бозингари олмонӣ Озил дар сафҳаи Твиттерии худ чунин навишта буд: «Дар манотиқи Туркистони Шарқӣ сӯзонидани китоби Қуръон, баста шудани масҷидҳо, кушта шудани олимони мазҳабӣ ва зери таъқиб қарор гирифтани мусалмонон ба як низоми маъмулӣ дар Чин гардидааст.Дар ин бора ҳарчанд давлатҳои мусалмонӣ иттило дошта бошанд ҳам, аммо ҳамаашон хомӯширо ихтиёр карда дар бораи тақдири бародарони мусалмони худ бетарафанд”.

Пас аз ин гуфтаҳо Чин вуруди Озилро ба ҳудуди худ қатъиян манъ карда, истеҳсоли либосҳои клуби Арсенал бо навиштаҷоти “Озил” — ро дар ҳудуди худ, бахусус либосҳои зери рақами 10 Месут Озилро боздошт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.