Суғд: 18 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд
Дар вилояти Суғд то ҳол муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият доранд. Қисме аз онҳо барои барқарор намудан корҳои сохтмониро оғоз кардаанд, аммо дар 7 адад мактабҳои қаламрави вилоят то ҳол сохтмон ё лоиҳае вуҷуд надорад.
Дар 11 адад биноҳои таълимии садамавӣ корҳои азнавсозӣ оғоз шудааст. Дар ин бора Мадина Набизода — сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотии худ ба журналистон иттилоъ дод. “Сол то сол сафи мактабҳои садамавӣ дар вилоят кам гардида истодааст, лекин мо кӯшиш менамоем, ки лоиҳаи азнавсозии ҳамаи муассисаҳоро тарҳрезӣ менамоем”,- гуфт Мадина Набизода.
Айни замон дар ноҳияҳои вилоят 18 адад мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва хонандагон дар онҳо таҳсил менамоянд.
Бино ба маълумотҳои оморӣ, дар вилояти Суғд 946 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки наздики 2 фисади мактабҳо садамавӣ мебошанд.
Фаррух УСМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ