Хол Раҳмон

Мототсикл — сабаби худкушии ноболиғ

Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 36 хонандаи муассисаҳои таълимӣ даст ба худкушӣ задаанд. Мутаассифона, панҷ ҳолати ин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст.

Ғазалшоҳ Сафарзода — сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳанӯз 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аз ҳама бештар дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон худкушии ноболиғон рух додааст. Ба таъкиди вай, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ панҷ нафар ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам дар миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳама бештар аст.

Хол Раҳмон — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нишасти хабарии хеш ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” атрофи зиёд шудани хушкушии ноболиғон посухи мушаххас надод. Ӯ танҳо афзуд, ки “дар ин масъала кор кардан даркор аст”.

Дар толор касе аз масъулин бе муаррифӣ гуфт, ки «дар деҳаи Маданият як кӯдак ба падараш гуфтааст, ки ба ман мототсикл бихар, аммо падараш нахаридааст. Бо ҳамин сабаб кӯдак худро ба дор овехтааст».

Ҳакимзода Хайрулло — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо садои паст аз як гӯшаи толор, ки аз дастгоҳи сабткунии садои хабарнигорон хеле дур буд, гуфт: «Даст ба худкушӣ задани кӯдакон сабабҳои оилавӣ дорад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ғазалшоҳ Сафарзода — сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон дар вилоятро бемории руҳӣ ва муноқишаи оилавӣ гуфта буд.

Мутаассифона, дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 36 ноболиғ даст ба худкушӣ зада буданд. Дар соли 2021-ум ин ҳодисаи нангин 38 ҳолатро ташкил мекардааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *