Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100,1 % иҷро кард

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи пахтакорони вилоят «Муждаи зафар»-ро расонида, хабар дод, ки 9-уми декабр нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 фоиз иҷро гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, кишоварзони вилоят соли равон масоҳати кишти пахтаро ба 57159 гектар расонида, уҳдадор шуда буданд, ки 133 800 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

— Новобаста аз боду ҳавои номусоид рӯзҳои охир аҳли меҳнат 133 950 тонна пахта истеҳсол карданд, ки ба 100,1 фоизи нақша баробар мебошад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки раиси вилоят иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаро натиҷаи меҳнати шабонарӯзии деҳқонони навоҳии пахтакор арзёбӣ карда, барои иҷрои нақша сипосмандии худро изҳор доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *