«Musso» ба ҷарии умқаш 50 метр фурӯ рафт. Пирамарди 74-сола ба ҳалокат расид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар километри 41-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ мошини сабукрави тамғаи «Musso», ки аз ҷониби як сокини 41-солаи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба самти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо сабабҳои номаълум ба ҷарии умқаш 50 метр фурӯ рафтааст. Дар натиҷа мусофири 74-солаи мошин бар асари ҷароҳати расида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода шудаанд.

— Дар иртибот ба ин ҳодисаи нохуш КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад ва ёдовар мешавад, ки ба хотири таъмини амнияти худ ва ҳамроҳонашон қидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд. Боло бурдани суръати ҳаракати мошин ҳамеша фоҷеаҳоеро ба дунбол дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *