Суқути ҳавопаймои Озарбойҷон дар Қазоқистон

25 декабр ҳавопаймои мусофирбари ширкати «Azerbaijan Airlines» дар Ақтау, ҷануби Қазоқистон суқут кард. Ин ҳавопаймои мусофирбар аз Боку ба Грозний мерафт ва дар дохили он 62 мусофир ва панҷ сарнишин қарор доштаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, ки 25 нафар наҷот ёфтанд.

Ҳавопаймо қабл аз афтодан дар болои фурудгоҳ чанд дафъа давр зада, сипас аз радарҳо гум шудааст. Лаҳзаи ба замин афтодани ҳавопайморо баъзе аз шоҳидон ба навор гирифтаанд.

“Baza» менависад, ҳавопаймои афтида, ки аз Боку ба Грозний ҳаракат мекард, метавонист бо сабаби хатари ҳамлаи бесарнишинҳо ба Чеченистон самти парвозашро дигар карда бошад.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 16 шаҳрванди Русия, 6 шаҳрванди Қазоқистон ва 3 шаҳрванди Қирғизистон будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *