Ҷамолиддин Абдуллозода

Суҳбати озоду ошкорои вазир бо наздикони беморон

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии рақами яки шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов дидан намуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздиди хеш Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти шуъбаҳои маркази мазкур шинос шуда, ҳамзамон аз рафти табобати як қатор беморон дидан намудааст.

Инчунин, дар инҷо номбурда бо наздикони як қатор беморон дар қисми таваллудхона суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ пурсон шудааст.

— Номбурда аснои мулоқот бо наздикони беморон иброз дошт, ки роҳбарияти вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии шаҳрвандони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *