таҳхона

Душанбе: Дар таҳхонаи бинои мактаб хатари об рафъ шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз рафъ шудани хатари об дар таҳхонаи як бинои мактаб дар шаҳри Душанбе хабар дод.

— 28-уми январи соли 2023, соати 09:59 дақиқа ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар таҳхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 107 воқеъ дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қубури обгузар сӯрох шудаву таҳхонаи бино тақрибан 20-25 сантиметр аз об пур шудааст. Баъди дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат соати 10:05 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд,- хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагон бо истифода аз насосҳои обкаш оби таҳхонаро берун оварда, соати 11:40 дақиқа ҳолати баамаломадаро бартараф намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *