Суғд: 28 нафар масъулинро ба ҷавобгарӣ кашиданд

Зимни санҷишҳои прокурорӣ дар вилояти Суғд ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ” аз ҷониби масъулини мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳои ошкор гардида, 28 нафар шахсони масъули мақомоти давлатӣ бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои прокурори вилоят- Ҳабибулло Воҳидов зимни санҷиши мазкур инчунин 157 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати раиси ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент, котиби ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва муҳандис-заминсо ва котиби ҷ/д Меҳрободи ноҳияи Ашт бо моддаи 163 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва номбурдагон ба ҳукми судӣ маҳкум карда шудаанд.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *