Барф  роҳи нақби Истиқлолро  душворгузар кард

Дирӯз бегоҳ дар натиҷаи боридани барфи шадид дар минтақаи нақби Истиқлол,ки шимоли кишварро ба ҷануб мепайванда, садҳо мошин аз минтақаи Такфон (Айнӣ) то даромадгоҳи Истиқлол бо душвориҳои зиёде роҳ мепаймуданд.

Хабарнигори шумо, ки он лаҳзаҳо дар  ин масир қарор дошт, масофаи 12  километрро аз Такфон то даромадгоҳи нақб дар панҷ соат тай намуд. Сабаби асосӣ-тайёр набудани ронандагон ба чунин тағйирёбии обу ҳаво буд. Аксари ронандагон ё бо чархи тобистона ба роҳ баромада буданд ва ё занҷири чарх, ки дар чунин лаҳзаҳо заруранд, бо худ нагирифта буданд. Дар натиҷа чархи мошини онҳо дар барфи баланд дармонда, монеи пешрафти мошинҳои дигар мешуданд. Ҳамчунин, дар мавзеи кони ангишт мошинҳои калонҳаҷми боркаш интизори ангишт ду тарафи роҳро пур карда, ба гаштугузори мошинҳои роҳгузар халал ворид менамуданд. Дар ин нуқта даҳҳо ҳолати сдамавӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ рух медоданд, вале хушбахтона, то ҷое, ки огоҳ ҳастем, ба роҳгузарон хисорот ворид нагардидааст. Шояд ба ин хизмати кормандони хадамоти роҳсозӣ ва намояндагони БДА, ки ба чанд мошини онҳо дар ду тарафи нақб дучор шудем, сабаб гардида бошад. Онҳо ҳаракатро то андозае дар ин роҳ ба низом медароварданд. Ба ронадагоне, ки дар  ин шабу рӯз бо ин роҳ сафар карданӣ ҳастанд, тавсия медиҳем, ки бо худ ҳатман таҷҳизоти зарурӣ гиранд. Онҳое, ки  мошинҳояшон чархи нави  зимистона надорад, беҳтараш аз баҳри чунин сафар бароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *