Муҳоҷирон сагбачаро аз марг наҷот доданд

Нашрияҳои вилояти Маскав дар бораи як кори савоби муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Подолск хабар доданд. Ҳафтаи гузашта, як бегоҳ, вақте ин муҳоҷирон аз ҷои кори худ дар як сохтмон берун мешуданд, дар пеши чашми онҳо мошини раҳгузар сагбачаеро пахш кард. Мошин бо ҳамон суръати баланд ба роҳаш рафт, вале дили бачаҳои тоҷик ба ин сагбача, ки нолиш мекард, сӯът ва онро бардошта, ба як бемористони байторӣ бурданд.

Дар онҷо маълум шуд, ки ин саг ба ҷарроҳии ҷиддӣ ниёз дорад ва пули ҷарроҳӣ низ маблағи андак нест. Муҳоҷирони тоҷик бидуни истиҳола барои ҷарроҳӣ пул партофтанд, то ки саг рӯи кати ҷарроҳӣ биравад. Баъди анҷоми ҷарроҳӣ бачаҳои тоҷик нигоҳубини сагро ба дӯши худ гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, чунин амалҳои солеҳ дар тағйири фикри аксаран манфии сокинони Русия нисбат ба муҳоҷирон, аз ҷумла нисбат ба муҳоҷирони тоҷик, кумаки бузург мерасонанд. Бахусус дар мавриди муҳоҷирони тоҷик, ки исмашон дар матбуоти Русия бештар бо рангҳои манфӣ ва асосан дар гӯшаҳои марбут ба ахбори ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита ба куштору раҳзанӣ ва қочоқи маводи мухаддир зикр мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *