Суғд: 362 нафар шахсони мансабдорро ба ҷавобгарӣ кашидаанд

   Ба гуфтаи прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ дар, мақомоти иҷроия ва худидоракунии шаҳраку деҳот корхонаву муассисаҳо ҳолатҳои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон, вайрон намудани муҳлати баррасии онҳо ва ба қайд нагирифтани муроҷиатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прократура ошкор карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ танҳо дар давоми соли 2016 606 санадҳои эътиноӣ аз ҷумла 362 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва 59 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 Инчунин ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи буҷет, саривақт пардохт намудани музди меҳнат, маблағҳои истифодаи барқу оби нӯшокию полезӣ, танзими асъор ва ғайра, аз ҷониби прокуратураи вилоят мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, аз натиҷаи он 703 нафар шахсони масъул ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, зиёда аз 61,6 млн сомонӣ ба таври воқеӣ рӯёнида шудааст. Вобаста ба пардохт накардани музди меҳнат 31 ва танзими асъор 77 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст-меафзояд прокрор Воҳидов.

                                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *