Суғд: се кас Саидовро 31 корд заданд!
Се нафар сокини деҳаи Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан дар куштори ҳамдеҳаи худ, ҷавони 22 сола гумонбар мешаванд. Мақомоти милитсия мегӯяд, ки ин се нафар аъзои як хонавода буда санаи 3-август Иброҳим Саидовро бо зарби 31 корд ба ҳалокат расонида буданд. Сабаби куштори бераҳмона ин муносибати наздики ҷавони 22 сола бо духтари оилаи Бердиевҳо будааст. Феълан аз рӯи далели мазкур бо моддаи 104 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ