Суди Санкт-Петербург ҳукми Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард
Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-солаи тоҷик бо ҳукми суди шаҳри Санкт – Петербург ба 6 соли зиндон маҳкум гашт. Ӯ моҳи майи соли равон бо автобус ба дарёи “Мойка” сарозер афтида буд.
Суд Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрванди Русия аст, дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги 7 нафар гаштааст, гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 6 сол равонаи зиндон намуд.
Ёдрас мешавем, ки дар автобуси ин ронандаи тоҷик 20 нафар мусофирон ҳузур доштанд ва 7 нафари онҳо бар асари ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст дода, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Қурбонов дар мурофиаи судӣ ин ҳодисаро як тасодуфи ногувор номида, сабаби сар заданашро ба хастагии бардавом ва якбора аз кор баромадани тормози мошин рабт дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ