Сураи “моун” ва “кавсар чӣ маънӣ дорад?

Сураҳоро аз ёд мекунам, вале намедонам, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Мегуфтед, ки маънои  сураи “моун  ва кавсар” чӣ аст?

Ашки Юсуфзода,

Ҷавоб

Сураи Моун дар Макка нозил шуда ва 7 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Оё касе, ки рўзи ҷазоро пайваста инкор мекунад, дидӣ?! 2 Ў ҳамон касе аст, ки ятимро бо хушунат меронад, 3 Ва (дигаронро) ба итъоми мискин ташвиқ намекунад. 4 Пас вой бар намозгузороне, ки, 5 Дар намози худ сустӣ мекунанд. 6 Ҳамон касоне, ки риё мекунанд, 7 Ва дигаронро аз васоили зарурии зиндагӣ манъ менамоянд.

Сураи Кавсар  низ дар Макка нозил шудааст ва 3 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Мо ба ту Кавсар (хайру баракати фаровон) ато кардем. 2 Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун. 3 (Ва бидон) душмани ту ҳатман наслбурида ва беақиб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *