Пулиси рус нони даҳони маюби тоҷикро кашида гирифт

Аҳрор Мустафоқулов, як шаҳрванди маъюби Тоҷикистон мегӯяд, як афсари баландпояи пулиси шаҳри Маскав лотореяи «Русское лото”-и ӯро, ки 105 ҳазор рубл бурд карда буд, аз дасташ кашида гирифт ва худaшро аз Русия ихроҷ кард, то дар ягонҷо даъво накунад.

Каримҷон Ёров, раҳбари «ЭтМос”, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи 5 октябр сӯҳбати видеоии Аҳрор Мустафоқулов, як маъюби тоҷикро нашр кард. Аҳрор Мустафоқулов дар ин видео қиссаи чӣ гуна ғорат шуданаш аз ҷониби афсари баландпояи пулиси шаҳри Маскавро нақл мекунад.

Аҳрор Мустафоқулов мегӯяд, субҳи 1 октябр аз як дӯкони фурӯши лотерея дар истгоҳи метрои «Тимирязевский”-и шаҳри Маскав ду баргаи лотереяи «Русское лото” харид ва баъди онки дид ки як баргааш 105 ҳазор рубл (муодили ҳудудан 1800 доллар) бурд дорад, ба он дӯкон баргашт, ки бурдашро дархост кунад. Фурӯшанда ба ӯ гуфтааст, ки барои гирифтани бурдаш бояд ба дафтари марказӣ муроҷиат кунад.

Вале Аҳрорро дар роҳ ба дафтари марказии «Русское лото” милисаҳо боздошт карданд: «Метро даромадам, ки милисаҳо маро боздошт карда, ба шӯъба бурданд. Ҳама чизамро гирифтанд, лотереяҳоямро низ гирифтанд. Баъд маро ба суд бурда, депортатсияам карданд. Вақте дар инҷо чизҳоямро баргардонданд, дидам, ки лотереяҳо нест.”

Аҳрор Мустафоқулов барои гирифтани лотереяаш ба пулис муроҷиат кардааст: «Гуфтам, лотереяи бурддори маро диҳед. Гуфтанд, пагоҳ биё, Элдар гирифтааст, ӯ имрӯз сари кор нест. Элдар як майорест, ки ҳамон рӯз ҳуҷҷатҳои маро барои депортатсия омода карда буд. Ӯ медонист, ки лотереяи ман 105 ҳазор рубл бурд кардааст. Вақте лотереяро аз дастам гирифтанд, ман ба онҳо гуфта будам, ки инро гум накунед, чунки 105 ҳазор бурд дорад. Бо ин ваъда, ки касе ба он намерасад, лотереяро аз дастам гирифта буданд.”

Аммо Аҳрор Мустафоқулов мегӯяд, баъди ин гурезогурези майор Элдар сар шуд: «Пагоҳаш рафтам, гуфтанд, Элдар нест, ду рӯз пас биё. Ман гуфтам, ки ариза менависам. Вале дар пулис таҳдидам карданд, ки агар дароӣ ба шӯъба, дигар аз инҷо намебароӣ.”

Аҳрор Мустафоқулов мегӯяд, дар телефонаш тасдиқи расмии ширкати «Русское лото”-ро дорад, ки 105 ҳазор рублро вай бурдааст. Дар СМС-и фиристодаи «Русское лото” ба ин муҳоҷири маъюби тоҷик гуфта мешавад: «Выигрыш «Русское лото” билет 25648869 код выигрыша 3776. Спортлото.Ру. 1 октября 2017 года, 10:18:13.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *