Уктам Қаюмов: Духтарамро ёбед, хона тӯҳфа мекунам!

Уктам Қаюмов, падари Ганҷинаи 9-сола, мегӯяд, ба касе, ки духтари гумшудаашро пайдо мекунад, як хонаи дуҳуҷрагиашро туҳфа хоҳад кард.

Қаюмов ин нуктаро имрӯз, 5-уми октябр, ба хабарнигорон афзуд, ки касе духтарамро пайдо кунад, хонаи дуҳуҷрагиамро дар Истаравшан ба ӯ туҳфа мекунам.

Ганҷина Қаюмова 25-уми август дар роҳи бозгашт аз Бозори Истаравшан ба хона бедарак шуда буд.

Қаюмов мегӯяд 3 ҳазор расми духтарашро чоп карда, дар кӯчаву нақлиётҳои пойтахт часпондаанд: “Намедонем дигар ба куҷо муроҷиат кунему чӣ кор кунем. Ман соҳиби 3 фарзанд мебошам, ки хурдии онҳо Ганҷина мебошад”.

Қаблан падари Ганҷина Қаюмова гуфта буд, ки қабл аз як рӯзи бедаракшавиаш Ганҷина аз вазъи саломатияш шикоят дошт: “Шаби 24-уми август гуфт шикамаш дард мекунад, ӯро ба беморхона бурдем, табибон муолиҷа карда гуфтанд, ягон бемории ҷиддӣ надорад ва Ганҷина ҳам гуфт, дард гум шуд. Ман бошам дар бозор фаъолият дорам ва рӯзи дигар ҳамсарам занг зада гуфт, ки Ганҷина боз худро бад ҳис мекунад. Дубора ӯро боз ба беморхона бурдем, пас аз истифодаи дору духтарам гуфт, сиҳат шудам”.

Ба гуфтаи Қаюмов манзили зисти онҳо дар наздикии бозори марказӣ буда, дар роҳи бозгашт барои хона якчанд чиз харидаму ба дасти Ганҷина додам ва гуфтам ба хона равад.

Уктам Қаюмов аз афроде, ки духтарашро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш кард, ки тариқи рақамҳои 918 80 45 12 ва ё 92 753 33 55 тамос гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *