Ба Мустафо ишқи авваламро гӯям?

Салом дугонаҳои азиз! Мухлиси ашаддии “Оила” ҳастам ва имрӯз худ ниёз ба маслиҳат дорам, аз ҳамин хотир қалам ба даст гирифтам, то саргузаштамро нақл карда, фикру андешаи шуморо пурсон шавам.

Фарҳод ном ҷавонеро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, вале ӯ ба ман чандон эътибор намедод. Метарсидам, ки Фарҳод маро ягон духтари сабукфикр гумон мекунад, аз ҳамин сабаб ҷуръат накардам, ки дарди диламро гуфта, ба ӯ изҳори муҳаббат намоям. Ҳамин тавр ишқ дар дилу муҳри хомӯшӣ бар лаб чандин сол дар ғами Фарҳод дарун ба дарун сӯхта мегаштам. Ду сол пеш ҷавони дигаре, ки Мустафо ном дорад, ба ман изҳори муҳаббат намуд. Ростӣ, ман ӯро дӯст намедорам, вале эҳтиромаш мекунам, чунки бисёр бачаи меҳрубону ғамхор аст. Нияти Мустафо ҷиддист, вай падару модарашро ба хонаи мо хостгорӣ фиристода бо ман оиладор шуданист, вале ман имрӯзу пагоҳ гуфта, ин корро кашол дода истодаам, чунки дилам то ҳол ба Фарҳод кашол аст.  Баъзан мехоҳам рози диламро ба Мустафо гуфта, иқрор шавам, ки Фарҳодро аз ҷонам бештар дӯст медорам, вале боз андеша мекунам, ки мабодо Фарҳод ягон арӯс дошта бошад, аз ин мондаю аз он ронда мешавам. Дар байни обу оташ монда, сарҳисобамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Хонандаи “Оила”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *