Орифа Баҳорат — Афғонистон

Ёди ёр…

Хаста, афсурда, дилтангу низор,

Мегузаштем зи канори ҳам аз он,

Кӯча, ки андӯҳ надошт.

Бод гесуи маро меошуфт,

Рахвати санги дастони маро,

Ҳурми дастони касе меафрӯхт.

Нафаси гарми касе мебахшид,

Миҷмари ишқ ба танҳоии ман.

Хоби мотамкда ҷони маро меошуфт,

Шаҳсворе, ки ба торики шаб раҳ мебурд.

Ба канори ғаму танҳоии ман,

Панҷа дар панҷаи ман кард гиреҳ.

Гуфт донӣ, ки зи баъди айём,

Ки ба дил ишқи касе роҳ накард.

Ғаму андӯҳи касе чун меҳрат,

Ба дили хастаи ман ҷой накард.

Бипазирам, ки ту ҳастӣ бо ман,

Боиси шодии ангезаи сармастии ман.

Ё раб имрӯз, ки дилтангаму афсурдаю зор,

Ҳеҷ оё зи манаш ёде ҳаст?

Ҳеҷ оё ба дилаш мегузарад?

Ки «Баҳоре» ба ҳавои ғамаш обод ҳаст.

***

Бачаи Қандаҳорӣ

Аз диёрони парешонӣ баргард,

Саратро барои дарди дигарон дастмол мабанд.

Раиси ҷумҳур фармони бародарии туро бо худаш,

Бор бори муҳри таъйид задааст.

Толиббачаи Қандаҳорӣ  баргард!

Саратро бар домони бародари раиси ҷумҳурат бигузор,

То дар киштзори сӯхтаи чашмат,

Тухми хоб бикорад…

Толиббачаи қандаҳорӣ,

Аз  диёрони парешонӣ  баргард.

Парешонамон макун,

Анорҳои боғи бародарат дар

(ҳавои чида шудан ба дастҳои туро доранд баргард)

Ҷанги хунини анор ва дандон)ро,

Зери дандонҳои худат таҷриба кун,

Ва бо шукуфаҳои себ дар шимолӣ,

Ва ангур дар Багром.

Меҳрубон бош.

Толиббачаи қандаҳорӣ,

Аз диёрони парешонӣ баргард.

Бигзор духтаркони Кобулӣ,

Саре осуда ба домони модарҳошон бигузоранд,

Ва биҳиштро дар хоб бубинанд,

Парешонашон макун.

عارفه بهارت — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *