Тағйироти кадрӣ дар Хатлон: Мусозода рафт, Муродзода омад
Мусозода Саймумин — сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Хатлон аз вазифааш озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ дар ин мақом Муродзода Мирзоалӣ таъин шудааст.
Як манбаъ аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки Муродзода Мирзоалӣ то ин замон сардори Раёсати танзими кумакпулӣ ва нафақаҳои касбии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи манбаъ, Мусозода Саймумин дар асоси ҷойивазкунӣ (ротатсия) аз вазифаи сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Хатлон озод шудааст.
— Дар муаррифии роҳбари нав гуфтанд, ки Мусозода Саймумин сардори Раёсати танзими кумакпулӣ ва нафақаҳои касбии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Барои муаррифӣ намояндагони агентии мамлакат ба вилояти Хатлон омада буданд,- афзуд манбаъ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ