Сафорат

Як ҷавони тоҷик дар Саратови Русия ба ҳалокат расидааст

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик, ки шаби 27-уми январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов, дар шоҳроҳи Ершов-Озинки бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт, ҳамдардии хешро ба наздикони марҳум изҳор намуд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 2 нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдидагон изҳори омодагӣ кардааст.

— Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *