Тақдими тандиси биринҷӣ ба Пешвои миллат аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Умари Маъсум

25 март Сайид Умари Маъсум – ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд.

Ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик, ки солиёни дароз дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои зебои худ симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро таҷассум намуда, чанде пеш бо ташаббусу ибтикори шахсии хеш тасмим гирифтааст, ки симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офарида, шахсан тақдим намояд.

Тавре ки Сайид Умари Маъсум худ баён медорад, солҳои зиёд ӯ орзу доштааст, ки бо ҳунари волояш ба Тоҷикистону мардуми фарҳангсолори тоҷик хизмат намояд ва имрӯз зимни суҳбат бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои кору эҷод дар Тоҷикистон гуфтугӯ карда, ба оғози ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *