Шакарханд. Аз нақли рӯзноманигор Садриддини Шамсиддин
… Бас кардам
Дар маҳфиле бо дӯсте дучор омадам, ки дӯстдори шароб буд. Баъд аз салом гуфт:
– Дар рӯзнома хондам, ки арақ ба ҳама аъзои бадан зарар доштааст. Шушро бемору шахсро мубталои захми меъда карда, ҷигарро аз кор мебаровардааст. Бо гузашти вақт инсонро ҳатто фаромӯшхотир мекардааст.
– Баъд чӣ кор кардед? Арақнӯширо бас кардед?,- пурсидам бо кунҷковӣ.
Бо табассум гуфт:
– Газетахониро бас кардам.
Холиқназар Ҷумъазода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ