Тақвими рӯз: Аз мавлуди Шарифзода то рӯйдодҳои ҷаҳон
Имрӯз, 13 октябр мавлуд доранд:
Баҳриддин Азизӣ (1896-1944),125-солагии зодрӯзи шоир, публисист.
Татяна Бозрикова (1956), 65-солагии зодрӯзи файласуф.
Ҳикматулло Ишонаков (1956), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.
Маннон Мавлонов (1951), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи химия.
Акбар Шарифзода (1941), 80-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогика
13 октябр таҷлил карда мешавад:
Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии тухм.
***
Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Рӯзи фермерҳо дар ИМА.
РӮЙДОД:
13 октябри соли 1964 Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис дода шуд.
***
13 октябри соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.
***
13 октябри соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки аз соли 1902 расман ҳамчун «Қасри сафед» номгузорӣ гардид.
***
13 октябри соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.
***
13 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.
***
13 октябри соли 1972 ҳавопаймои Шӯравӣ Ил-62 дар қарибии Москва ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб меёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ