Таҳдиди гуруснагӣ дар 18 «нуқтаи доғ»-и ҷаҳон

Дар 18 «нуқтаи доғ»-и ҷаҳон бо сабаби амалиёти ҷангӣ таҳдиди гуруснагӣ афзоиш меёбад. Дар ин бора муаллифони гузорише аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) ҳушдор додаанд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар кишварҳои Судон, Буркина-Фасо, Гаитӣ ва Малӣ хатари гуруснагӣ ногузир аст. Афғонистон, Нигерия, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ва Яман метавонанд ба зудӣ ба ин қатор ҳамроҳ шаванд.

Директори генералии ФАО Сюй Дунюй гуфт: «Агар мо хоҳем, ки ба амнияти озуқавории ҷаҳонии ҳама ноил шавем, мо дигар набояд дар шароити кунунӣ аз роҳи муқаррарии тиҷорат пайравӣ кунем».

Сардори ФАО ба зарурати фаврии ислоҳот дар бахши кишоварзӣ барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ, кумак ба онҳо дар барқарорсозии зиндагии худ ва рафъи омилҳои аслии ноамнӣ аз ғизо дар ҷаҳон таъкид кард.

Тибқи гузориш, нарасидани шадиди ғизо дар 18 «нуқтаи доғ» дар моҳҳои оянда метавонад бадтар шавад.

Директори иҷроияи WFP Синди Маккейн мегӯяд: «На танҳо шумораи бештари одамон дар саросари ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд, балки дараҷаи гуруснагии онҳо аз ҳарвақта бадтар аст».

Бино ба иттилои мазкур Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Кения, Покистон, Сурия ва Мянмар ҳамчун нуқтаҳои шадиди гуруснагӣ тасниф шудаанд. Дар ҳамаи ин кишварҳо шумораи зиёди одамон бо норасоии шадиди ғизо дучор меоянд. Вазъият аз сабаби бад шудани шароити иклим тезу тунд мешавад.

Муаллифони ин гузориш Лубнон, Малавӣ, Салвадор, Гватемала, Гондурас ва Никарагуаро ба қатори кишварҳое шомил кардаанд, ки эҳтимоли хатари гуруснагӣ вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *