Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов: Боқиев боздошт мешавад, Акаев не

Содир Ҷабборов гуфт, ки Аскар Акаев, президенти нахустини Қирғизистон метавонад озодона ба ватанаш баргардад, вале дигар президенти собиқи ин кишвар Қурмонбек Боқиев зимни убури марз боздошт хоҳад шуд, зеро парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Дар ин бора худи Ҷабборов дар мусоҳиба бо хабаргузории «Кабар» иттилоъ додааст. Ба гуфтаи Ҷабборов, алайҳи Акаев ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Ӯ афзуд, ки Акаев ба иштибоҳ роҳ додааст, аммо бо баҳонаи он, ки дар замонҳои душвор давлатро идора мекард, сафед шудааст. Ҷабборов ҳамчунин аз дастовардҳои президенти нахустини Қирғизистон, ки роҳи дурусти рушди кишоварзӣ, чорводорӣ ва сари вақт ба муомилот баровардани пули миллиро, ки то ҳол тобовару бақурб аст, ёдовар шуд.

Қисмати дуюми мусоҳиба ба президенти дигари пешини кишвар Қурмонбек Боқиев бахшида шуд, ки баъди инқилоби соли 2010 аз Белорус паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст. Ҷабборов бо итминон изҳор дошт, ки Боқиев баъди бозгашт ба Қирғизистон боздошт хоҳад шуд, зеро бо қарори додгоҳ ӯ ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Вай афзуд, ки ин таҳримҳо нисбати наздикони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи ин президенти собиқ, масалан ба Ҷаниш ва Максим Боқиевҳо, ки дар ватанашон ҳукми абад гирифтанд, низ татбиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *