ММТ рӯзи имтиҳонсупориро муқаррар кард

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар соли хониши имсол дар саросари кишвар ҳудуди 113 ҳазор хонандаи синфи 11 ва беш аз 158 ҳазор хонандаи синфи 9 мактабро хатм мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи ҷадвали Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ, дар моҳи июл барои хатмкунандагоне, ки дар ин марказ сабти ном шудаанд, давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо оғоз мешавад.

То 10-уми июн довталабоне, ки дар марҳилаи асосӣ сабти ном шудаанд, дар бораи имтиҳонҳо огоҳинома мегиранд. Аз 10 то 30-юми июн бақайдгирии дубораи довталабон дар ҳама нуқтаҳои бақайдгирӣ сурат мегирад. То 6-уми июл шахсоне, ки дар марҳилаи иловагӣ сабти ном шудаанд, огоҳинома мегиранд.

Аз 1-ум то 7-уми июл давраи асосии супурдани имтиҳонҳо аз рӯи қисмҳои «А» (барои синфҳои 11) ва қисми «Б» (барои синфҳои 9) cap мешавад. Давраи асосии қисми С — имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус ва қисми Д — имтиҳони иловагӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда аз 1-ум то 8-уми июл барпо мегардад.

Давраи иловагии имтиҳонҳо дар қисмҳои А ва В 12-уми июл баргузор шуда, 20-уми июл довталабон натиҷаи имтиҳонҳоро мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *