Як афсару чанд сарбоз аз 9 то 11 сол зиндонӣ шуданд

Суди Олии Тоҷикистон ҳукми як афсар ва панҷ сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар як қисми низомии Неруҳои марзбонӣ содир кард.

Ҳамин тавр, як афсару як сержант 11 солу 6 моҳ ва чор сарбози собиқ 9 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Навори латукӯби сарбозон моҳи апрели соли равон расонаӣ шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми бисёре аз корбаронро барангехт.

Ҳукми шаш сарбозу афсар 30-юми май аз тарафи судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ дар шаҳри Хуҷанд эълон шуд. Гуфта мешавад, ки сержант Ҷонибек Қосимзода ва подполковник Нузҳат Лазуриев ба 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардидаанд. Ин ду нафарро ба сӯйистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор карданд.

Сарбозони собиқ Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев ҳар кадом 9 солу 6 моҳ зиндонӣ шуданд. Сарбозонро ба “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” гунаҳкор донистаанд.

Масъулони Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ гуфтанд, ки мурофиа ба таври боз ва дар бинои Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд гузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *