иди Сада

Таҷлили ҷашни Сада дар Кӯлоб

Имрӯз, 31-уми январ дар шаҳри Кӯлоб Садаро бо тантана ҷашн гирифтанд. Дастоварди кишоварзон, ҳунарҳои мардумии занону бонувон ва дастоварди омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва олӣ намоиш дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, намоиши дастоварди кишоварзон бозгӯи он аст, ки деҳқонони шаҳр дар соли 2022 ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Бино ба иттилои нашршуда, дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 810 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2021 беш аз 32 миллион сомонӣ зиёд будаааст.

Бахтиёр Назарзода — шаҳдори Кӯлоб гуфтааст, ки “Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат эҳё шудааст”.

Муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам зикр кардааст, ки “Сада ифодагари ҷовидонии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози киштукор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ин ҷашни бостониро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *