Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
8-уми апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ба ин муносибат дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорат чарабинии тантанавӣ доир шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ тамоми иқтисодчиёни кишварро бо ин иди касбиашон табрик карда, саҳми иҷтисодчиён дар рушди кишварро баланд унвон кард.
Вазир инчунин афзуд: “Дар бист соли охир рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 4,8 миллиард сомонии соли 2003 то 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 баробар гардид”.
Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2022-юм 8%-ро ташкил додааст, ки асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,4%, кишоварзӣ 8%, боркашонӣ 26,1%, хидматрасонии пулакӣ 16%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,4%, гардиши савдо 11,2% ва мусофиркашонӣ 11,1% таъмин гардидааст.
Дар охири ҷамъомад ба кормандони фаъоли вазорат барои хидматҳои арзандаву сазоворашон ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ