Шарти нави гирифтани шаҳрвандии Русия

Донистани забони русӣ барои довталабони барномаи кӯчонидани ҳамватанон — “Соотечественники” ҳатмӣ шуд.

Хориҷиёне, ки дар доираи барномаи кӯчонидани ҳамватанон қасди гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, акнун бояд донистани забони русиро тасдиқ кунанд.

Ҳангоми пешниҳоди аризаи дахлдор, бояд донистани забони русӣ низ тасдиқ шавад. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.

Тағйирот аз 1-уми январи соли 2024 эътибор пайдо мекунанд.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки қабули дархост ба шарте сурат мегирад, ки довталаб забони русиро дар сатҳи кофӣ «барои гуфтугӯи шифоҳӣ ва хаттӣ дар муҳити забон» донад.

Донистани забони русиро бо ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ё ҳангоми мусоҳиба тасдиқ кардан мумкин аст.

Барномаи мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия соли 2006 қабул шуда буд. Он барои осон кардани кӯчонидани одамоне пешбинӣ шудааст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ берун аз қаламрави Федератсияи Русия қарор гирифтаанд ва мехоҳанд ба кишвар баргарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *