бозор

Ба савдогарон раҳм кунем…

Чанд рӯз пеш, қарибиҳои шом барои харидани меваҷот ба бозори «Панҷшанбе» рафтам. Ҷавонмардеро, ки аз мошинаш чанд навъи себро гирифта, дохили мевабозор даромада истода буд, пурсидам:

— Килои себи сурх чанд сомонӣ?

Ӯ ҷавоб дод:

— Мо кам-кам намефурӯшем, якбора 20-30 кг мефурӯшем.  

Ман, ки одами кунҷкоб ҳастам, боз пурсидам:

— Аслан барои савдогарони Хуҷанд чанд сомонӣ килои чунин себро мефурӯшед?

Ӯ гуфт:

— 5 сомонӣ, апаҷон.

Сипас камтар дарунтари бозор ворид шудам ва аз зани миёнсоле, ки хеле хастаҳол менамуд, нархи айнан чунин навъи себро пурсидам ва ӯ гуфт:

— 7 сомонӣ.

Акнун фикр бояд кунем, ки ҳамон зан дар як рӯз чанд кило себ мефурӯшад? 20 кг, 30 ё 40 кг? Шояд шавҳар надорад ё шавҳари танбалу бекорчие дорад ва ё маоши шавҳараш 600 — 700 сомонӣ бошад… Сарватманд рафта, дар сардиҳо хунук хӯрдаву дар гармиҳо зери офтоб сӯхта, тамоми рӯз дар бозор наменишинад. Дар як рӯз чанд сомонӣ кор мекунад? Ин як себфурӯш буд. Қариб ҳамаи маҳсулотро фурӯшандаҳои бозор мехаранду мефурӯшанд. Онҳо барои ҷояшон пул медиҳанд. Агар дӯконе дошта бошанд, ҷопулӣ, андоз ва боз чӣ қадар мушкилоти дигар доранд, ки бо пул иртибот дорад. Ман як занеро мешиносам, ки тармева мефурӯшад. Соати 2-3-и шаб бозор меравад ва меваҷот мехарад ва бо ҳамин тамоми рӯз дар бозор нишаста, онро мефурӯшад.

Гӯштфурӯш бояд тармеваву нону сабзавоту равған… бихарад. Равғанфурӯш бояд гӯшту орду биринҷ… бихарад. Тармевафурӯш ҳам бояд барои ғизои аҳли байташ маҳсулот бихарад. Ҳамон себфурӯш ҳам хароҷоташро ба назар гирифта, нарх мемонад ва мефурӯшад. Гӯштфурӯш ҳам ҳамчунин.

Мо мушкилоти аз чашмамон пинҳонро намебинему дар моҳи муборак ин мардуми меҳнатқаринро дуои бад мекунем. Одами фиребгар дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Миёни муаллим ҳам ҳаст, байни духтурон низ, аз дохили рӯзноманигорон ҳам мебароянду аз радифи мансабдорон низ…

Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаашон беинсофанд. Ҳамаи савдогаронро беинсоф гуфтанамон чандон дуруст нест…

Фарзонаи САИДУМРОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *