Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар “Амонатбонк”
22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Раёсати Бонк СалимзодаА.А., муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, аҳли кормандон ва устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи Рамазон иштирок доштанд.
Нахуст роҳбарияти Бонк ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчамидавлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Дар идома устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи Рамазон бобати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки қабули ин рамзи давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик руҳу тавони тоза бахшид.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон аввалин рамзи давлатдорие, ки дар ҷумҳурӣ қабул шуд, Парчами давлатӣ буд, имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хос пайдо намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ