Таҳдиди ҳамлаи пешгирандаи Кореяи Шимолӣ бар зидди Амрико

Кореяи Шимолӣ омодааст бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико вориди низои низомӣ шавад. Дар ин бора ноиби вазири умури хориҷии ин кишвар Хан Сон Рёл дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press рӯзи 14 апрел изҳорот дод. Ба гуфти ин мақомдор қудрати ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба андозаи кофӣ мустаҳкам ва метавонад ба ИМА ҳамлаи пешгиранда ворид кунад.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузориҳо навиштанд, ки ба хотири пешгирӣ аз санҷиши ҳастаии навбатӣ, Вашингтон эҳтимоли зарба ба Кореяи Шимолиро баррасӣ мекунад. 15 апрел дар ин кишвар рӯзи таваллуди асосгузори Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен таҷлил мешавад. Снҷиши мушаки навбатӣ метавонад ба ин сана бахшида шавад.

Дуртар аз тамрингоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ Амрико ду киштии ҳавопаймобари ҳомили мушакҳои «Томагафк»-ро ҷойгир кардааст. Дар сурати зарурат Пентагон метавонад аз бомбапртобҳои сангин, ки дар ҷазираи Гум, воқеъ дар Уқёнуси Ором мустақар шудаанд, кор бигирад.

12 апрел президенти Амрико Доналд Трамп стратегияи ҷилавгирӣ аз Кореяи Шимолиро тасдиқ кард, ки дар он чораҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ зикр шуда, аммо дар бораи дахолати низомӣ чизе гуфта нашудааст. Аз сӯи дигар ҳафтаи гузашта шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки Шӯрои амнияти миллӣ ба Трамп машварат додааст, ки ба Кореяи Шимолӣ гурӯҳи харобкор бифиристад ва дар Кореяи Ҷанубӣ силоҳи ҳаставӣ ҷойгир кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *