Ҷазо ва мукофоти Устопириён

Комроншоҳ  мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳон 13-ум кард

Нокаут

Паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён, ки пас аз рафтори номатлубаш дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2017, ҳангоми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, бо қарори гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум карда шуд,  аз Туркия бо медали нуқра баргашт.

Комроншоҳ ба ин дастоварди ифтихорӣ  дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо  “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, сазовор гардид.

Тавре шореҳи маъруфи варзиш Нарзулло Латифов иттилоъ додааст, дар  мусобиқа 252 варзишгари марду  зан аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Дар ин мусобиқаи  бонуфуз  мунтахаби Тоҷикистонро Хаёмиддин Ҷабборов, Комроншоҳи Устопириён  ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд. Аммо танҳо ба Комроншоҳ омад кард, ки дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо гашта, ба нимфинал роҳ ёбад. Баъдан,  Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ ғолиб омада, озими финал шуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гӯштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашта, ҷойи дуюм ва медали тиллоро соҳиб шуд.

Паҳлавонон Хаёмиддин Ҷабборов (то 73 кило) ва Саидҷалол Саидов – рақиби асосии Комроншоҳ дар мусобиқаҳои варзишии Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ва «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе (то 100 кило)  шикаст хӯрданд. Ягона медали нуқраи  Комроншоҳи Устопириён мавқеи Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур байни 34 кишвари ҷаҳон 13-ум кард.

   Комроншоҳ бурда буд, ғиромӣ карданд

  Барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гӯштии миллӣ манъ кардани паҳлавони шинохта Комроншоҳи Устопириён дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба мавҷи интиқодҳо рӯ ба рӯ шудааст. Ба ақидаи аксар, мақомот ба ҷои пешгирӣ аз ғиромбозӣ дар мусобиқаҳои гӯштӣ ин паҳлавони ҷавонро мешикананд.

Далер Искандаров, як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар як номаи пурэҳсос ба сомонаи «Ахбор” қарори гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро, ки Комроншоҳи Устопириёнро аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гӯштии миллӣ маҳрум кард, шикастани ин паҳлавони ҷавон номидааст.

Далер Искандаров менависад: « Мо аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки чунин варзишгаронро аз майдон дур накунад! Дар тамоми дунё, ба мисли Расул Боқиев ҳоло дар Аврупо ном ба номи Комроншоҳ рафта истодааст. Чунин варзишгарро аз майдон дур кардан хеле кори ноҳақ кардан аст. Чаро он довареро, ки ноҳаққӣ кард, касе чизе нагуфт? Агар ин хел рафтан гирад, варзиши тоҷик хеле паст мешавад. Шумо гурӯҳ ташкил кардед, ки кори Комроншоҳро тафтиш кунад, шумо гурӯҳе ташкил кунед, ки дар варзиши тоҷик, ба таъбири мардум, тағобозӣ накунанд, маблағ талаб накунанд.”

Умед Фатҳуллоев дар поварақи гузориш дар бораи ин қарор навиштааст, «Тоҷикистон ҳамин аст, ҳақиқатро талаб кунӣ, маҳрумат мекунанд. Ман мухлиси гӯштӣ нестам, лекин Комроншоҳ бурда буд, мурғӣ карданд.”

Файзинисо Воҳидова ҷазои шадид нисбат ба Комроншоҳи Устопириёнро «дуздиву пешхезӣ” номида, гуфтааст, чунин муносибат боиси аз Ватан ранҷидану фирори варзишгарони хушноми тоҷик мешавад: «Дар ҳаққаш ғиромӣ карданд, ғолибияташро дуздиданд, боз ҷазо доданд. Ана ин яке аз роҳҳои дур кардани варзишгарон аз варзиши ватаниву рондан аз Ватан мебошад.”

      Бисёре аз тамошобинон қарори довар дар мавриди натиҷаи рақобати Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидовро боз як намунаи дигари «ғиромбозӣ”-ҳо дар мусобиқаҳои гӯштии тоҷикӣ меноманд ва мегӯянд, чунин ноадолатиҳо таваҷҷуҳи мардумро ба ин навъи дар байни мардум пуртамошобини варзиш мекоҳонад.

Ман хоҳари Комроншоҳам!

Адибаи Азиз, шоираи тоҷик ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шеъри наваш Комроншоҳи Устопириён, варзишгари ҷавони тоҷикро, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гӯштии миллӣ маҳрум шуд, пуштибонӣ кардааст.

Ин шеър «Рустами Дастон» ном дошта,  дар саҳифаи Фейсбуки Адибаи Азиз нашр шудааст:

Ман хоҳари Комроншоҳам,

Ман Зулайхои сари роҳам.

Касе ҷонибам санг партояд,

Маро нанг ояд.

Таҳқираш хоҳам кард.

Касе ҳақамро гирад,

Садо баланд хоҳам кард:

-Ноҳақӣ!

Бисмиллоҳи баъзе аз қаламкашон,

Ҳақорат аст, аммо овози худро намешунаванд.

Комроншоҳ марди кӯҳистон аст,

Саропо ғурур,

Бозуи зӯр,

Эҳсоси боло дорад,

Дар дилу дидаи мо ҷо дорад.

Баъди ин метарсам,

Ки шӯру шарар надорад.

Ҳанӯзам хабар надорад, ки…

Ҷоизаи қиматтарини дарёро ба шаст овард,

Марвориди муҳаббати мардумони дунёро ба даст овард!

Арзандаи сад достон аст,

Паҳлавон аст,

Рустами Дастон аст!

Таҳияи «Қоидаҳои одоби варзишгар»

Аммо як гурӯҳи дигар аз Комроншоҳ интиқод карданд, ки набояд дар ҳеҷ сурат чунин рафтори ғайриварзишӣ мекард. Гурӯҳи кории КҶВС, ҳамчунин дар фаъолияти Мактаби варзишии ба номи Ланглифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки мудираш Комроншоҳи Устопириён аст, камбудиҳо пайдо карда, ҳамчунин ба федератсияҳо тавсия додааст, ки шеваи сарпарастии гӯштигиронро бозбинӣ кунад.  Ин гурӯҳ ба Комроншоҳ танҳо “имтиёз” додааст, ки вай дар мусобиқаҳои байналмилалии гӯштии ҷудо бемамониат ширкат варзад. Ва ӯ аз имконоти нахустини баъди муҷозоти бамиёномада истифода бурда, номи Ватанамонро дар арсаи ҷаҳон шӯҳратёр кард.

Аслан, аз Комроншоҳи Устопириён миннатдор бояд шуд, ки ниҳоят масъулини  варзиши тоҷикро ба масъалаи ҳалли мушкилоти одоби варзишгарон водор намуд. Зеро то ин ҳодиса аз забони ягон нафари онҳо дар бораи чунин иқдом ҳарфе нашунидаву нахонда будем.

Дар пайи қазияи Комроншоҳи Устопириён аз КҶВС тамоми мактабҳои варзишии Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки дар муҳлати як моҳ таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба қоидаҳои одобу вазифаҳои варзишгар пешниҳод намоянд.

Мақомоти Кумитаи варзиши Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ як дастурамали умумии қоидаҳои одоб таҳия ва ба тамоми муассисаҳои варзишӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин ҳама ба гуфтаи мақомоти кумита, боло бурдани одобу масъулияти варзишгар ва эҳтиром ба варзиш аст.

Ба гуфтаи Наргис Набиева, муовини раҳбари Федератсияи таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон «қазияи Устопириён шояд танҳо ҳодисае буд, ки ба дурбини телевизион афтод, аммо дар маҷмӯъ чунин ҳолатҳо дар варзиш зиёд рух медиҳанд».

Бархе аз варзишгарон мегӯянд, ки  ҳама гуна кӯшиши ба чорчӯбаи танг ворид кардани фаъолияти онҳо метавонад бисёриҳоро аз мусобиқаҳо дур кунад ё маҷбур ба ҷило аз Ватан созад.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Хушхабари «Тоҷикистон»!

Замоне ки саҳифаи мазкур ба чоп омода мешуд, аз устод Нарзуллоҳи Латиф хушхабар расид, ки Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо мақомашро панҷ зина боло кардааст.

 Мутобиқи ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз ҷойи 7-умро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми 8-ум будааст.

Айни замон Комроншоҳ бо мураббиёнаш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба чемпионати  ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-29 майи соли равон дар Ҳонконг баргузор мешавад, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад. «Мекӯшам, ки ба мисли соли гузашта дар ин мусобиқаи қитъавӣ ғолиб оям», — афзуд Комроншоҳи Устопириён.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *