Таҳдиди Доналд Трамп ба ширкатҳои аврупоӣ
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, агар ширкатҳои аврупоӣ таҳримҳои амрико алайҳи Эронро нодида бигиранд, худи ин ширкатҳо низ шомили ин таҳримҳо хоҳанд шуд. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи 1-уми июл дар мусоҳиба бо телевизиони Fox News дар посух ба ин суол, ки оё Амрико ширкатҳое, ки бо Эрон ба муомилаҳои тиҷоратии худ идома медиҳанд, таҳрим хоҳад кард, гуфт, «албатта, ҳатман ин корро анҷом медиҳем.»
Раиси ҷумҳури Амрико ба эътирозҳои ахир дар Эрон ишора карда ва гуфтааст, «дигар ба Ховари Миёна ва рафтан ба ҷойҳои дигар фикр намекунанд, машғули худашон ҳастанд». Трамп дар моҳи гузашта низ гуфта буд, «онҳо (эрониҳо) дигар таваҷҷуҳи зиёде ба Ховари Миёна намекунанд. Таваҷҷуҳашон ба Сурия ва ончӣ дар онҷо мегузарад, камтар шудааст. Дар Яман ва хеле аз ҷойҳои дигар ҳам ҳамин тавр.»
Амрико дар аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва дар пайи он вазири умури хориҷии ИМА ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Эрон рафтори худро иваз накунад, илова ба баргаштани таҳримҳои пешина, Вашингтон «сатхттарин таҳримҳои таърихро алайҳи Эрон ҷорӣ хоҳад кард.»
Дар моҳҳои ахир шуморе аз ширкатҳои бузурги аврупоӣ эълом карданд, ки ба хотири тарс аз таҳримҳои Амрико, ба муомилаҳои тиҷоратии худ бо Эрон поён медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир музокироте байни Эрон ва се кишвари аврупоӣ — Олмон, Фаронса ва Бритониё барои «наҷоти созишномаи ҳастаӣ бо вуҷуди таҳримҳои Амрико», дар ҷараён аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ