Занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек (Видео)

Дар  натиҷаи занозанӣ миёни муҳоҷирони, ки 26 июн дар яке аз сохтмонҳо дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба миён омад, ду муҳоҷир ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. 

Нашрияи «Фонтанка» навишт, ки низоъ байни муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон рух додааст.

Дар навор дида мешавад, ки наздики сад муҳоҷири меҳнатӣ миёни деворҳои сохтмон ҷасту хез доранд ва як гуруҳи дигар онҳоро сангборон мекунанд.

Баъдтар як ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ва як марди 37-сола аз Ӯзбекистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуд.

Шоми он рӯз 30 иштирокчии ин занозанӣ ба идораи пулис бурда шуданд. 26 тан аз онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва яке шаҳрванди Озарбойҷон аст. Қисме аз онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

«Нисбати 11 нафар бо айби майдаавбошӣ парванда боз шуд», — хабар доданд аз мақомоти Санкт-Петербург.

Ба гуфтаи як манбаъ, сабаби низоъ напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон буд. Гуфта мешавад, низоъ баъди он бархост, ки як гуруҳ аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо нишони эътироз корпартоӣ карданд.

«Ҷонибдори иқдоми эътирозӣ бо сангу чуб муҳоҷиронеро аз ҳудуди сохтмон берун карданд, ки сарфи назар аз корпартоӣ он рӯз ба кор баромада буданд», — гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *