Тағироти Қонуни танзимро коллективи ДСХ ҷонибдорӣ карданд

 Коллективи меҳнатии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, онро якдилона дастгирӣ менамоянд.

Анъана ва чашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги ҷомеа  зарурат ба назорати пайваста ва танзим дошта, рушди доимии онҳо дар доираи талаботи замон бояд таъмин гардад. Расму оин  ва анъанаҳо дар рўзгори халқи  тоҷик  мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд. Вобаста ба ин,  коллективи меҳнатии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамоянд, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур ин пеш аз ҳама  ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва танзими суннатҳои диниву  мардумӣ мебошад.

Нодида гирифтани зуҳуроти бемантиқ чун тақлидкорӣ ва рақобат дар гузаронидани тӯю маъракаҳо чанд сол қабл боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёди мардум  гардида буд. Маросимҳои дафну азодорӣ ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро саривакт ва оқилона дарк намуда,   бамаврид таъкид карданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Маҳз бо дарки ин маънӣ ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз даҳ сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.

Вобаста ба пешниҳоду дархостҳои сокинони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки он аз ҷониби коллективи меҳнатии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии тоҷикистон якдилона дастгирӣ ёфт.

Ҳадафи қабули Қонуни мазкур ин ҳимоя намудан аз манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои боз ҳам  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Зеро,  амали  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рўзгори мардуми тоҷик ранги дигар эҳдо намуд, ки онро кулли сокинони мамлакат ба хубӣ эҳсос карданд.

   Бартараф кардани норасоиҳои марбут ба исрофкориву зиёдаравӣ дар баргузории тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросимҳо боиси он мегардад, ки имрӯз дар муқобили исрофкориву зиёдаравӣ сокинони мамлакат ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саховатмандиву  дастгирии барҷомондагону ятимон ва бепарасторон даст зада, бо ин васила дар болоравии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани дараҷаи камбизоатӣ ҳиссаи арзишманд гузоранд.

 Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри воқеӣ буда, он омили боз ҳам вусъат бахшидани пешрафту шукуфоии ҷомеа ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ хоҳад буд.

Коллективи меҳнатии Донишкадаи соҳибкорӣ

 ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои

 нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *