Таҷовузи духтари 15-солаи тоҷик дар Петербург
Як духтари 15-солаи тоҷикро баъди нахустин алоқаи ҷинсиаш ба сабаби хунравии зиёди узви таносулаш бо «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Петербург овардаанд. Духтари ноболиғ иқрор кардааст, ки баъди алоқаи ҷинсӣ бо як мард дучори хунравӣ шуд. Пулис ин мардро ҷустуҷӯ мекунад.
Хабаргузории маҳаллии«Оперативное прикрытие”, ки ба мақомоти интизомии шаҳри Санкт- Петербурги Русия наздик аст, бо такя ба манобеи худ дар пулис хабар дод, ки як духтари ноболиғ аз Тоҷикистон баъди нахустин алоқаи ҷинсиаш дучори хунравии зиёд шудааст ва ӯро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони кӯдаконаи рақами 5 ба номи Филатов овардаанд.
Табибон гуфтаанд, ки ин шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро «Ёрии таъҷилӣ” шоми 2 октябр аз кӯчаи 8-уми Советская бо аломатҳои хунравии зиёди аъзои таносул ба бемористон овард ва баъди расондани кумаки тиббӣ ӯро ҷавоб додаанд.
Духтари ноболиғ, ки хонандаи мактаб аст, дар сӯҳбат бо табибон ва кормандони хадамоти кор бо ноболиғони пулис иқрор кардааст, ки дар ҳудуди бозори «Сенная” бо як мард алоқаи ҷинсӣ карда, баъди ин дучори хунравӣ шудааст.
Мақомоти пулис гуфтаанд, мардеро, ки бо ин духтари ноболиғ алоқаи ҷинсӣ кардааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи «ПолитЭксперт” бо такя ба манобеи худ дар пулис хабар дод, ки ин алоқаи ҷинсӣ бар хилофи ризоияти духтар сурат гирифта, як мард ҳанӯз рӯзи 26 сентябр дар ҳавлии фурӯшгоҳи «Сенная” ба номуси ин духтари тоҷик таҷовуз кардааст.
Бино ба гузориши «ПолитЭксперт”, пулис бар асоси баёноти духтар фотороботи ин марди таҷовузгарро сохтааст ва ӯро таъқиб мекунад.
Тибқи қонунҳои Русия, алоқаи ҷинсӣ бо духтари зери синни 16 ҷиноят ҳисоб мешавад, ҳатто агар ин кор бо ризоияти ӯ сурат гирифта бошад. Моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо нафари хзери синни 16 ҳамчун муҷозот аз корҳои маҷбурӣ ба муддати то 480 соат то 4 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Аммо агар ин алоқаи ҷинсӣ бар хилофи ризоияти ноболиғ сурат гирифта бошад, пас ҳамчун таҷовуз таъбир мешавад ва ҷазояш низ ба маротиб сангинтар аст. Қисми сеюми моддаи 131-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ҳамчун муҷозот аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ